Дар Душанбе даври дуюми Чемпионати Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон ба анҷом расид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби Эрон ба дарвозаи Тоҷикистон 12 тӯби беҷавоб ворид намуда, тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 11:0 тими Қирғизистонро шикаст дод.


Баъди ду давр мунтахаби Эрон бо касби 6 имтиёз пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқа мебошад.

Ӯзбекистон се имтиёз дошта дар зинаи дуюм ва дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон ҳар кадоме бо касби якхолӣ дар зинаҳои 3 ва 4-уми ҷадвал қарор доранд.

Бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон имрӯз, 24 январ баргузор мешаванд. Соати 15:00 бозии байни дастаҳои Қирғизистону Эрон оғоз гардида, соати 18:00 дар майдони маҷмааи бисёрсоҳавии варзишии Душанбе мунтахабҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳам рақобат мекунанд.


Нахустин дар таърих Чемпионати CAFA оид ба футзал байни мунтахабҳои занон дар Душанбе дар ду марҳила ду даврӣ баргузор шуда, ҳар кадоме аз дастаҳо шаш бозӣ мегузаронад. Да мусобиқаи ҳамагӣ 12 бозӣ доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзи бештари касбкарда муайян карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.