Аз 10 ноябр раҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе қимат мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати шаҳри Душанбе.

Чунин қарорро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” қабул кардааст.

Ҳамин тариқ, ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе аз 10 ноябр барои як мусофир тавассути автобусҳо 1,80 сомонӣ ба таври ғайринақдӣ (бо корт) ва 2,5 сомони бо пули нақд, троллейбусҳо 1,50 сомонӣ ба таври ғайринақдӣ (бо корт) ва 2 сомонӣ ба таври нақдӣ, микроавтобусҳо 2,50 сомонӣ ва як километр роҳ тавассути таксиҳо 3,00 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Охирон бор нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе бори охир соли 2011 бозбинӣ шуда буд. Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” сабаби қимат шудани роҳкироро ба болоравии нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ рабт медиҳад.

“Дар ин муддат болоравии арзиши нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ 110%, қисмҳои эҳтиётӣ ва таркибии воситаҳои нақлиёт 90-110%, қувваи барқ 300%, нархи воситаҳои нақлиёт инчунин пардохти андозу фондҳо ва маоши миёнаи амалкунандаи кормандон нисбат ба соли 2011 ба маротиб зиёд гардидааст, ки корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷотҳои худро рўйпуш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст”, - гуфта мешавад дар баёнияи муассиса.

Қайд мегардад, ки ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам тайи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имкониятҳои ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд, вале басанда набуда, зарурияти тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст.

Алҳол ҳаққи роҳкиро дар автобусҳо барои як мусофир 1,20 сомонӣ, троллейбусҳо 1 сомонӣ, микроавтобусҳо 1,6 сомониро ташкил медиҳад.