Дирӯз, вакилони порлумони Тоҷикистон кодекси нави андози Тоҷикистонро пазируфтанд. Лоиҳаи кодекси нави андоз дар Тоҷикистон аз ду сол пеш ба ин сӯ таҳия мешуд ва баҳсҳои гармеро низ ба бор оварда буд.

Вале вакилони парлумон лоиҳаи кодексро бидуни баҳс ва якдилона қабул карданд. Чанд вакиле, ки вобаста ба лоиҳаи Кодекси нави андоз баромад карданд, онро дуруст ва саривақтӣ гуфтанд. Ҳеҷ пешниҳод ва эроди ҷиддӣ дар таҳияи он аз ҷониби вакилон манзур нагардид.

Гуфта шуд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ва содаву омафаҳм намудани муқаррароти он таҳия карда шудааст.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, зимни муаррифи лоиҳаи нави кодекси андоз дар ҳузури вакилони порлумон гуфт, бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад, намудҳои андоз дар кишвар аз 10 ба 7 кам карда мешаванд.

Вазири молияи кишвар, ҳадафи инро баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои оҷонсиҳо байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди милллӣ маънидод кард. Вале тавре дида мешавад, ин се андоз, ки гуфта мешавад кам карда шуд, дар дохили андозҳои дигар то ҳол дар амаланд.

Меъёри кадом андозҳо кам шуд?


- Кодекси андоз аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат буда, дар муқоиса бо кодекси амалкунанда шумораи қисмҳо бетағйир, фаслҳо се адад кам, вале бобҳо 7 ва моддаҳо 70 адад зиёд шудааст;

- низомҳои махсуси андозбандӣ ва низомҳои имтиёзнок, ки ҳамагӣ 10 намуд буданд, муттаҳид шуда, онҳо то ба 8 намуд расидиданд;

- меъёри андоз аз даромад аз 13 то 12 дарсад коҳиш дода шуд;

- ба шахсони ҳуқуқӣ меъёри андози иҷтимоӣ 20 дарсад ва барои суғурташавандагони муассисаҳои буҷетӣ 25 дарсад пешбинӣ шудааст;

- меъёри андоз барои фаъолияти истеҳсолӣ ба андозаи 13 дарсад, истихроҷи захираҳои табиӣ ва дигар намуди фаъолият 18 дарсад пешбинӣ карда шуд;

- меъёри андози даромад барои фаъолияти истеҳсолӣ бе тағйир - 13 дарсад монд;

- меъёри андоз барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ширкатҳои мобилӣ аз 23 дарсад ба 20 дарсад кам карда шуд;

- меъёри андоз аз истихроҷи захираҳои табиӣ, савдо, хизматрасониҳои суғуртавӣ, ҳамлу нақл, тиббӣ ва ғайра аз 23 ба 18 дарсад кам карда шуд;

- меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 дарсад, аз 1 январи соли 2024 – 14 дарсад ва аз 1 январи соли 2027 – 13 дарсад кам карда мешавад. Пештар меъёри ин намуди андоз 18 дарсад буд;

- меъёри ААИ аз фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварӣ бо меъёри 5 дарсад бе ҳуқуқи ба ҳисобгирии ААИ пешбинӣ карда шуд;

- меъёри пасткардашудаи ААИ барои хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо 7 дарсад пешинбинӣ гардид. Меъёри амалкунанда барои ин намуди фаъолият 18 дарсад буд;

- меъёри андоз аз шахсони ҳуқуқӣ аз 23 то 20 дарсад кам карда шуд.

Меъёри кадом андозҳо зиёд шуд?

Дар баробари баъзе аз сабукиҳое, ки аз забони масъулон ва вакилон садо дод, дар Кодекси нави андоз афзоиши меъёри баъзе аз молиёт пешбинӣ шудааст. Масалан, меъёри андоз аксиз нисбат ба хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ба андозаи 2 дарсад зиёд карда шуд.

- меъёри рентаи содироти барои баъзе молҳо аз 1 январи соли 2023 ба андозаи 2 дарсад, аз 1 январи соли 2025 ба андозаи 4 дарсад ва аз 1 январи соли 2027 ба андозаи 6 дарсад аз арзиши фурӯш зиёд мешавад;

- меъёри андоз нисбат ба даромадҳои дигари шахсони воқеӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ҷойи кори дуввум, ба иҷора додани молу мулк ва хизматраосниҳо ба андозаи 2 дарсад, яъне аз 13 то 15 дарсад зиёд карда шуд.

“Имтиёзҳои андозии бархе ширкатҳо бознигарӣ шавад”


Бо вуҷуди он ки дар ҷаласаи парлумон ҷузъиёти бештар дар бораи тарҳи нави Кодекси андоз дода нашуд. Вале Саидҷафъар Усмонзода, вакили порлумони ва раиси ҲДТ ҳангоми суханронӣ пешниҳод кард, ки масъалаи бархе корхонаҳои бузурге, ки аз имтиёзҳои андоз бархӯрдоранд, баррасӣ шавад. Ӯ мушаххасан аз корхонае ном набурд, аммо таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи иқтисодиву пандемияи коронавирус ва қисмати даромади буҷа, имтиёзи баъзе аз чунин корхонаҳо бардошта шавад.

- Имрӯз бо таъсири COVID-19 қисми даромади буҷет ба маблағ эҳтиёҷ дорад. Вақте ки қисми даромади буҷет иҷро намешавад Кумитаи андоз бояд дигар фишангҳи қонуниро истифода барад,- гуфт Усмонзода.

Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси намояндагон, тасдиқ кард, ки чанде аз идораҳо ба афзоиши баъзе меъёрҳои андоз эрод гирифтаанд.

- Мефаҳмонам, ки барои чӣ чунин шуд. Бемории COVID-19-ро бояд ба эътибор гирем, то дар оянда буҷаро пурра таъмин карда тавонем. Буҷаи мо зиёда аз 50 дарсадаш характери иҷтимоӣ дорад, - шарҳ дод ӯ.

Андози нав?!

Муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нарзулло Меликзода гуфт, дар Кодекси нав баъзе андозҳои нав пешбинӣ шудааст, вале онҳо давра ба давра амалӣ мешаванд.

Ӯ гуфт, барои истихроҷи захираҳои табиӣ, ки ба содирот нигаронида мешаванд, андоз дар шакли роялтӣ ҷорӣ карда шуд: аз соли 2023 аз ду дарсад оғоз мешавад ва давра ба давра то соли 2026 ба 4 дарсад мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом барои рушди саноат дар кишвар  замина мегузорад.

- Танҳо субъектҳое ин намуди андозро пардохт мекунанд, ки дар шакли консентранти хом ҳамчун содиркунанда мебошанд, - гуфт Меликзода.

Масуф, гуфт, дар бахши ҷавобгарӣ барои пардохт накардани андоз Комисияи байниидоравӣ ташкил мешавад, ки дар он кормандони мақомоти андоз шомил нестанд ва он дараҷаи қонунвайронкунии соҳибкоронро муайян мекунад.

Файзиддин Қаҳорзода, вазири молия ва чанде аз вакилони дигари порлумон, гуфтанд, Кодекси нав ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла бахши соҳибкорӣ нигаронда шудааст. Вале баъзе коршиносон мегӯянд, тарҳи нави кодекс ба андоздиҳандагон сабукии ҷиддие пешбинӣ накардааст, ки боиси рушди иқтисоди кишвар шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.