Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода сабаби болоравии нархи маҳсулот дар кишварро ба фишорҳои берунӣ рабт дод. Ӯ, ки дирӯз, 8 декабр дар ҷаласаи парлумон лоиҳаи “Дурнамои сиёсати пуливу қарзии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат”-ро муаррифӣ мекард, болоравии нархи маҳсулотро дар кишвар дар ду соли охир тақрибан бетағйир номид.

Ӯ дар назди вакилон гуфт, болоравии нисбии нархи маҳсулот асосан дар моҳҳои феврал ва марти соли равон ба назар расида, дар маҷмӯъ, 2,4 фоизро ташкил дод.

- Дар як соли охир нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,3 дарсад, маҳсулоти ғайрихӯроокворӣ 6,6 ва хизматрасониҳо 8,9 дарсад қиммат шудааст,- зикр намуд Ҳоким Ҳолиқзода

Бонкдори асосии кишвар сабаби аслии болоравии нархи маҳсулотро ба омилҳои берунӣ рабт дод.

Ӯ гуфт, маҳз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили гандум, равған ва шакар дар кишварҳои истеҳсолкунанда таъсири манфии худро ба нархи ин маҳсулот дар Тоҷикистон расонид.

- Асосан нархи маҳсулоти ниёзи аввалия қиммат шуд. Бинобар сабабе ки аксаран моли воридотӣ ҳастанд, таъсири худро ба мо расонид. Ҳамчунин логистика, яъне овардани молу маҳсулот низ қиммат шуд ва ин ба нархи маҳсулот дар кишвар бетаъсир намонд,- гуфт Холиқзода.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, сатҳи таваррум дар кишварҳои асосии содиркунандаи молу коло ба Тоҷикистон аз 7 то 21 дарсадро ташкил додааст. Дар ҳоле ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар ин давра 6,3 фоизро ташкил медод.

Холиқзода гуфт, дар оянда барои пешгирии аз қимматшавии нархи маҳсулот Бонки милии Тоҷикистон фишангҳои худро истифода мебарад, ки омилҳои монетарии зиёд шудани таваррумро пешгирӣ намояд.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон

“Сарбории андозро кам ва истеҳсоли дохилиро зиёд бояд кард”

Дар ҳоле, ки раиси Бонки милии Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулотро ба фишори берун рабт медиҳад, коршиносон мегӯянд, маҳз вобаста будани иқтисодиёт ба омилҳои беруна омили гаронии нарх аст.

Онҳо пешниҳод мекунанд, ки барои пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия бояд истеҳсоли маҳсулотро дар кишвар бештар намуд ва сарбории андозро ба соҳибкорон камтар кард.

Рустам Раҳматзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва сабукӣ ба соҳибкоронро роҳи асосии ҳалли мушкилот номид.

Ба гуфтаи ӯ, барои танзими нарх дар бозор истеҳсолкунандагони молу маҳсулот ва соҳибкорони хурду миёнаро бо маблағ бояд таъмин кунем.

- Бояд қарзҳое ки дар оянда ба соҳибкорон дода мешавад, имтиёзнок бошад ва фоизаш баланд набошад. Ҳамчунин, бояд занони соҳибкорро низ дастгирӣ кард,- гуфт Раҳматзода.

Номбурда бо ишора ба таъсири пандемия ва фишори омилҳои берун ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия гуфт, дар оянда бояд фишангҳое дар амал истифода барем, ки таҳдидҳои берунаро ба иқтисодиёт камтар кунад.

- Ин танҳо бо роҳи истеҳсолоти дохилӣ, кам кардани гаронии андоз, дастгирии молиявӣ ба воситаи бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ ва баровардани коғазҳои қимматнок имконпазир аст, - иброз дошт раиси ҲИИТ.

Омили берунаро гунаҳкор намудан дар болоравии нархи маҳсулот дар кишвар дар ҳолест, ки ду соли охир  шикоят аз гаронии нархи маҳсулот дар авҷи пандемияи СOVID-19 дар кишвар бештар садо медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.