Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки феълан дар рустои Сомониёни шаҳри Исфара, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ду кишвар тирпарронӣ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи манобеъ, аз рустои Сомониёни шаҳри Исфара занону кӯдакони тоҷик ба ҷойи амн интиқол дода шудаанд.
“Дар ҳоли ҳозир тирпарронӣ идома дорад. Нахуст низомиёни қирғиз ба тирпарронӣ шурӯъ карданд ва дар посух низомиёни тоҷик оташи ҷавобӣ кушоданд ва тирпарронии дутарафа оғоз шуд. Маҷрӯҳон ҳастанд, вале шумораи дақиқи онҳо маълум нест”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Манбаъ таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, бо ҳамтои қирғизи худ гуфтушунид дорад.
«Сабаби даргирӣ сангпартоии шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён гуфта мешавад. Дар ҳоли ҳозир роҳи Исфара-Ӯш баста шудааст», - гуфт манбаъ.
Талошҳои хабарнигори «Азия-Плюс» барои тамос бо котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов то замони нашри гузориш бенатиҷа анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки сухангӯйи шаҳрдории Исфара дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва ҳар замоне, ки телефонро барои посух додан фаъол мекард, тамос қатъ мешуд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қиризии “24.kg” бо истинод ба хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки вазъ дар қитъаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон муташанниҷ аст ва марзбонони тоҷик якҷониба бахше аз роҳи Бодканд-Исфараро дар мавзеи Торт-Кочои вилояти Бодкандро бастаанд.
«Бо мақсади пешгирии авҷ гирифтани низоъ сардори отряди сарҳадии Бодканд, полковник Рустам Миршакиров ва сардори Хадамоти сарҳадӣ полковник Қиёлбек Толонбоев ба ҷои ҳодиса рафтанд. Воҳидҳои сарҳадӣ, ки дар ин қитъаи сарҳад дар вилояти Бодканд мустақар шудаанд, ба реҷаи пурзӯри хидматӣ гузаронида шуданд”, - навиштааст ин хабаргузорӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Казахстан работает над созданием водно-энергетического консорциума Центральной Азии
Эмомали Рахмон провел заседание правительства
«Худжанд» вышел в зональный финал кубка АФК-2022
Таджикистан и Саудовская Аравия создадут СП по переработке аграрной продукции
В ВОЗ опасаются передачи оспы обезьян детям и беременным женщинам
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 июля 2022 года
«Люблю, когда от меня женщина уходит королевой». Истории мужчин с «не мужскими» профессиями
Польша завершила строительство забора на границе с Белоруссией
Жара в Токио побила рекорд за все время наблюдений с 1875 года
Банк Эсхата выдает кредит до 30 000 сомони без залога и поручителя
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста