Марзбонони тоҷик як мошини боркаши шаҳрванди Қирғизистонро бо ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд, аммо ронанда фирор кардааст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg ба истинод ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 30 апрел дар деҳаи Хоҷаи-Аълои шаҳри Исфара мошини боркаши КамАЗ аз суйи марзбонони тоҷик боздошт мешавад. Гуфта мешавад, сари чамбараки мошин зода ва сокини вилояти Бодканд қарор дошт. Зимни боздошт ин шаҳрванди Қирғизистон аз назари хизматчиёни ҳарбии тоҷик фирор ва сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба самти Қирғизистон баргаштааст.
Мақомоти кишвари ҳамсоя аз руйи ин далел бар асоси моддаи 378-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон “ғайриқонунӣ убури сарҳади давлатӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Гуфта мешавад мошини боркаши дар марзи Тоҷикистон боздоштшуда дар асоси санад аз КДАМ-и Тоҷикистон ба ҳудуди Қирғизистон баргардонида шудааст ва то анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии “Орто-Боз” нигаҳ дошта мешавад.
Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
7 археологических раскопок в Таджикистане, которые удивили весь мир
Ливень в Стамбуле парализовал движение
Apple потребовала удалить контент российских государственных СМИ в приложении Rutube
Рада проголосовала за продление военного положения на Украине
В Узбекистане антиковидные ограничения сняты, но статистика заболевших ведется
Олег Дерипаска подал в суд на Олега Тинькова за оскорбления в Facebook
«Талибан» правит Афганистаном ровно год. Что изменилось в этой стране и регионе?
Численность населения Земли достигла 8 млрд человек
Синоптики прогнозируют в России «египетскую жару», а в Таджикистане похолодание
Талибы намерены закупить у России 1 млн баррелей нефти
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста