Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк изҳор дошт, ки кишвараш ҷонибдори ҳарчи зудтар дубора роҳандозӣ намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ бо Тоҷикистон аст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Киев ва Душанбе то моҳи феврали соли 2013 амал мекард.

«Ширкати «Хатсайрҳои ҳавоии байнулмилалии Украина» аллакай чандин маротиба омодагии худро ба оғози парвозҳои мустақим миёни Киев ва Душанбе бо шартҳои барои тарафайн судманд изҳор намуд ва мо тасмими ҷониби Тоҷикистонро дар мавриди иҷозат ба ширкатҳои мо ҷиҳати амалисозии чунин парвозҳо интизорем», - гуфт ӯ.

Сафир бар ин назар аст, ки дубора барқарор шудани хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳои дӯст дар соли 2016 «бешакку шубҳа рӯйдоди муҳим хоҳад буд.