Шумори марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ дар Тоҷикистон айни замон ба зиёда аз 4 ҳазор адад расида, ин рақам ниҳоӣ нест ва рӯ ба афзоиш дорад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ),  айни ҳол дар ҷумҳурӣ ба ҷойи нуқтаҳои мубодилаи асъори басташудаи ташкилотҳои қарзӣ 129 адад чунин марказу нуқтаҳои хизматрасонӣ кушода шудаанд, ки қисмате аз онҳо дар реҷаи шабонарӯзӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Дар робита ба вазъ дар бозориди дохилии асъор ва қурби арзи миллӣ қайд мешавад, ки «мутобиқи таҳлилҳои солҳои охир, буҳрони шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, яке аз омилҳои болоравии қурби асъор дар кишвар ҳаннотии кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоб мерафт».

«Пӯшида нест, ки солҳои гузашта қурби асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор идоранашаванда шуда, миёни қурби расмӣ ва бозорӣ тафовути калон ба миён меомад ва ин боиси нороҳатӣ ва нигаронии шаҳрвандон мегашт. Ин омил сабаб шуд, ки тибқи ислоҳоти нав нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, иҷрои вазифаи онҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дода шуд. Табиист, гузариш ба низоми нав ва амалӣ шудани ҳама гуна ислоҳоту меъёрҳо вақту замонро талаб мекунад», - омадааст дар маълумот.

Дар БМТ бар ин назаранд, ки имрӯз бо ташкил намудани марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ вазъият тағйир ёфтааст. «Тавре шоҳид ҳастем, дар муқоиса бо беқурбшавие, ки соли гузашта ва моҳи аввали соли равон дида мешуд, ин ҷараён хеле ба танзим даромада, ҳоло қурби расмии БМТ бо қурби бозорӣ баробар шудааст», - таъкид мешавад дар маълумоти БМТ.