Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо “Суғд-2017” доир гардид, ки чор сол инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар кори ярмарка беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ, намояндагон аз 10 давлати дунё ва 23 ташкилоти байналхалқӣ ширкат варзиданд, ки аз баланд гардидани нуфузи ин чорабинӣ гувоҳӣ медиҳад.

Гуфта мешавад, ярмаркаи мазкур дар муддати кутоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмиллалӣ табдил ёфтааст, ки аз нуфузи баланди он дарак медиҳад.

1/19

Зикр мегардад, ки мақсади ташкили ярмаркаи байналхалқии савдо - ин мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ тавассути таъмини платформа барои нишон додани қобилият ва имконоти иқтисоди вилояти Суғд ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ мебошад.

Дар ярмарка инчунин намояндагони корхонаҳои саноати сабук ва бофандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, ташкилотхои молиявӣ, хизматрасониҳои машваратӣ, лизинг, нақлиёт ва ҳунарҳои миллӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, дастовардҳои охирини худро ба маърази тамошо гузоштанд.