Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти бонкӣ ба ташкилоти қарзии нави ҶДММ «Коммерсбонк Тоҷикистон» иҷозатнома дод.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллӣ, иҷозатнома ба бонки нав аз ҷониби Раёсати БМТ санаи 10 октябр «мутобиқи моддаи 42 Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаҳои 7 ва 10-и Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» пешниҳод шудааст.

Дар маълумот зикр мегардад, ки «Коммерсбонк Тоҷикистон» дар заминаи ҶДММ ТҚХ «Фардо» таъсис ёфта, муассисони бонки нав шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дафтари кории асосии ташкилоти қарзии хурди «Фардо» дар шаҳри Душанбе ҷойгир шуда ва директори он Дилбар Ҳусейнова буд.

Қайд мешавад, ки моҳи июни соли 2016 дар робита ба таъсиси бонки комил дар заминаи ин ташкилоти қарзӣ, иҷозатномаи ТҚХ «Фардо» бозхонда шуд.

То ифтитоҳи «Коммерсбонк Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ 16 бонки тиҷоратӣ, аз ҷумла 1 бонки давлатӣ - БДА ҶТ «Амонатбонк» амал мекарданд.

Миёни бонкҳои тиҷоратӣ - «Ориёнбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк", «Бонки Эсхата», «Соҳибкорбонк», «Аввалин бонки молиявии хурд», «Бонки рушди Тоҷикистон», Филиали бонки «Тиҷорат»-и Эрон дар ш. Душанбе, «Казкоммерсбонк Тоҷикистон», «Кафолатбонк», «AccessBank Tajikistan», «Бонки Осиё», «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон», «Спитамен Бонк», «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» фаъолият доранд.

Соли равон иҷозатномаи фаъолияти ду бонки кишвар - «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» бозхонд шуда, айни замон онҳо дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.