Яке аз бонкҳои дучори мушкилоти ҷумҳурӣ - «Тоҷиксодиротбонк» қисмате аз амволи худро ба фурӯш гузошт.

Тавре дар сомонаи бонк иттилоъ дода мешавад, бонк барои фурӯши 7 иншоот дар Душанбе, аз ҷумла мағозаву марказҳои савдо ва дорухонаҳо харидор меҷӯяд. Ҳамчунин дар 10 шаҳру навоҳӣ низ амволи бонк ба фурӯш гузошта шудааст.

Қаблан раҳбарияти бонк изҳор дошта буд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам карданист, аз ҷумла хароҷоти вобаста ба маоши кормандони бонк, пардохти андоз, иҷора ва ғайра. Ғайр аз ин, шумори ҳайати кормандон (штат)-и бонк низ кам шудааст.

Байни амонатгузорони бонк дипломатҳои афғон низ ҳузур доранд. Чор дипломати афғон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ду сол шуд ҳудуди 300 ҳазор доллар пули амонташонро "Тоҷиксодиротбонк" пас намедиҳад.

Ин маблағро онҳо замоне дар “Тоҷиксодиротбонк” гузошта будаанд, ки дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон кор мекарданд. Дипломатҳо изҳор доштаанд, ки ҳоло тасмим доранд, “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба додгоҳ бикашанд, чун тамоми мӯҳлати ваъдаи пас додани амонатҳо ба охир расид.

Дар худи бонк мегӯянд, айни замон пулҳои амонати мизоҷонро қисм ба қисм баргардонида истодаанд. «Амонатҳоро қисма ба қисм пардохт мекунем. Ҳозир амонатгузорон пулҳои худро ҳар моҳ аз рӯи тартиби муқарраршуда мегиранд», - изҳор доштаанд дар бонк.

Аввали моҳи ноябр ҳукумат баҳри дастгирии ин бонк дар ҳаҷми 2 млрд. 250 млн. сомонӣ воситаҳо ҷудо кард. Дастгирии давлатӣ ба муҳлати 5 сол пешбинӣ шуда, имсол бонк бояд 5%, соли оянда - 20% ва солҳои минбаъда - 25 фоизӣ ин воситаҳоро баргардонад. Ин дастгирӣ 60%-и уҳдадориҳои умумии бонкро рӯйпӯш мекунад, боқимонда - 40 фоизро бонк бояд аз ҳисоби баргардонидани қарзҳо, фурӯши амвол ва ҷалби сармояи иловагӣ рӯйпӯш кунад.

Моҳи ноябри соли гузашта муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошта буд, ки аз оғози соли гузашта ҳаҷми уҳдадориҳои бонки мазкур назди мизоҷон беш аз 2,2 млрд. - аз қариб 3,9 млрд. сомонӣ то 1,6 млрд сомонӣ кам шудааст.

Рӯйхати дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» аз 52 иншоот, аз ҷумла бинои Сарбонк ва 43 бинои филиалҳои бонк дар кишвар, ҶСП «Душанбе Молл» (гипермаркет «Ашан»), меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар Душанбе, 8 блоки манзили нуҳошёна дар ноҳияи Данғара, корхонаҳои ресандагӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Фархор, корхонаҳои коркарди нахи пахта дар вилояти Хатлон ва ҳамчунин корхонаи таъмири автомобилҳо иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.