Аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон наздики 61,1 млрд сомонӣ (6,9 млрд доллар)-ро ташкил дод, ки бо таносуби нархҳо дар муқоиса бо соли 2016 7,1 фоиз зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД то ҳол бахши кишоварзӣ (бо шумули шикору хоҷагии ҷангал, моҳидориву моҳипарварӣ) афзалият дорад, ки ба 21,1 фоиз аз ҳаҷми умумии ММД баробар аст. Дар қиёс бо соли 2016 ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори ММД 0,4 фоиз зиёд шудааст.

Ҳиссаи соҳаи саноат бо шумули энергетика дар ҳаҷми умумии ММД 17 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 1,9 фоиз бештар мебошад.

Ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхонаву тарабхона - 14 фоиз, нақлиёту алоқа, хоҷагиии анбордорӣ - 11 фоиз ва ҳиссаи андозҳо - 10,8 фоизро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳиссаи сохтмон дар сохтори ММД аз 11,2 фоиз дар соли 2016 то ба 9,3 фоиз дар соли 2017 коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ҳаҷми ММД Тоҷикистон беш аз 54,4 млрд сомонӣ (наздики 7 млрд. доллар бо қурб ба аввали соли 2017)-ро ташкил дода буд. Соли 2018 афзоиши ҳаҷми ММД - то 65,7 млрд. сомонӣ ва соли 2019 - то 73,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.