Семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1» қариб 130 млн. сомонӣ зиёд шуда, айни замон ҳаҷми умумии қарз 894 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки давоми тамоми соли 2017 ҳаҷми ин қарзи ширкат назди нерӯгоҳ дар маҷмӯъ 110 млн. сомонӣ зиёд шуда буд.

Ба сурати умум, давоми 10 соли фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкати «Барқи тоҷик» ҳамагӣ наздики 64%-и маблағи нерӯи барқи истеҳсолшударо пардохт намудааст.

Аз замони мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» (20 январи соли 2008) дар он беш аз 18,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, арзиши умумии он 2 млрд. 444,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, гуфта мешавад дар сомонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1».

Ҳамин тариқ, ширкати «Барқи тоҷик», ки имрӯз ягона харидори нерӯи барқи «Сангтӯда-1» ба шумор меравад, ба нерӯгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон давоми тамоми муддати фаъолияти он 1 млрд. 550, 3 млн. сомонӣ ё худ 63,4% аз маблағи умумии нерӯи барқи гирифтаашро пардохт кардааст.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%+1 саҳмияи он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад.

Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Лекин имрӯз иқтидори воқеъии нерӯгоҳ 160 Мвт-ро ташкил медиҳад. Дар робита ба мавҷуд набудани бозори фурӯш, айни замон дар нерӯгоҳ шабонарӯзӣ ҳамагӣ каме бештар аз 5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.