Зимни мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо  муовини президенти ширкати «Thales» Оливе Ашар миёни ин ширкат ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оид ба ҷиҳозонидани  «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» бо таҷҳизоти муосиру замонавии аэронавигатсионӣ мувофиқа ба даст омад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин мулоқот ҳамчунин сафири Франсия дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар, сардори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ёдрас мешавад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Франсия «Манораи муназзимии фурудгоҳи Душанбе» ҳамчун кумак дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад.

Зикр мегардад, ки ширкати франсавии «Thales» яке аз ширкатҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ба шумор рафта, дар раддабандии сифатнокии таҷҳизот ва расонидани чунин намуд хизматрасониҳо дар ҷаҳон мақоми сеюмро ишғол менамояд. Дар он беш аз 70 ҳазор нафар мутахассисон фаъолият намуда, гардиши солонаи молиявии он зиёда аз 16 миллиард евроро ташкил мекунад.

Махсус қайд мешавад, ки таҷҳизоти аэронавигатсионии ин ширкат аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Афғонистон истифода мегардад.

Гуфта мешавад, новобаста аз он, ки корҳои муҷаҳҳазгардонӣ ва  васлу насби таҷҳизот то нимаи аввали соли 2019 ба анҷом расонида шаванд ҳам, ҳамкории шарикии корхонаи ватанӣ бо ин Ширкат дар ҳамин лоиҳа то соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон оид ба сохтмони манораи 41-метраи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо ҳукумати Фаронса мувофиқа ҳосил шуда буд.

Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ таҳия шуда, барои амалисозии он 3,5 млн. евро маблағ зарур аст. Лоиҳа аз ҷониби Фаронса бар асоси грантӣ амалӣ мешавад. Он замон зикр гардида буд, ки муҳлати амалисозии лоиҳа 15 моҳ аз замони ба имзо расидани созишнома дуҷониба муқаррар шудааст.