Соли 2018 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ 2 млрд. 553 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 ба миқдори 17 млн. доллар зиёдтар аст, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Ин ба 35%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон баробар аст. Соли гузашта ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ каме бештар аз 7 млрд. долларро ташкил дода буд.

Аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар соли гузашта танҳо Швейтсария ва Ӯзбекистон аз Тоҷикистон пеш гузаштаанд.

Соли гузашта интиқоли маблағ ба Швейтсария дар ҳаҷми беш аз 9,1 млрд. доллар ва ба Ӯзбекистон ба маблағи умумии зиёда аз 4 млрд. доллар сурат гирифтааст. Дар муқоиса бо соли пешин соли 2018 ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон 100 млн. доллар афзудааст.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Қирғизистон низ аз 2,2 млрд. дар соли 2017 то ба 2,4 млрд. доллар дар соли 2018 зиёд шудааст.

Интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ соли гузашта аз Русия ба Украина кам шуда, дар муқобили 750 млн. доллар дар соли 2017 то ба 498 млн. доллар дар соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2017 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2 млрд. 536 млн. доллар маблағ интиқол дода буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.