Тоҷикистон масолеҳи сохтмонро нисбат ба воридоти он қариб ду баробар бештар ба хориҷи кишвар мефурӯшад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, тӯли ҳафт моҳи соли равон ба маблағи умумии 41,5 млн. доллар масолеҳи сохтмон ба хориҷи кишвар бароварда шуда, ҳаҷми воридоти ин масоолеҳ дар ин давра ба маблағи умумии 24,7 млн. доллар сурат гирифтааст.

Дар Вазорати саноат қайд мекунанд, ки афзоиши ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмон аз ҳисоби интиқоли семент ба кишварҳои ҳамсоя ба вуҷуд омадааст.

Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ба маблағи умумии 41,3 млн. доллар ин навъи маҳсулот ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст, ин рақам 99,5% аз ҳаҷми умумии содироти масолеҳи сохтмонро аз ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Ҳаҷми начандон зиёди боқимонда аз содироти масолеҳи сохтмон ба сангҳои ороишӣ (356,6 метри мураббаъ ба Қатар интиқол дода шудааст) ва дигар масолеҳ рост меояд.

Воридотро асосан кошин (ба маблағи 11 млн. доллар тӯли ҳафт моҳ), шиша (5 млн. доллар), маснуоти санитарӣ (1,3 млн. доллар), гаҷкартон (1,6 млн. доллар) ташкил медиҳад.

Ҳиссаи асосии истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба се корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» ва «Хуаксин Ғаюр семент» рост меояд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 2,3 млн. тонна семент истеҳсол шуда, наздики 85% аз ҳаҷми умумии истеҳсолотро се корхонаи муштараки дар боло зикршуда таъмин намудаанд.

Сементи истеҳсоли Тоҷикистон ба Ӯзбекистон (532 ҳазор тонна), Афғонистон (342 ҳазор тонна) ва Қирғизистон (45 ҳазор тонна) интиқол дода шудааст.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.