Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 2 ширкати мансуб ба оилаи Муродалӣ Алимардон, собиқ муовини сарвазир ва раиси кунунии “Агроинвестбонк” беш аз 1,5 миллион сомонӣ аз андоз қарздор шудаанд.

Дар ин хусус раиси ноҳияи мазкур Ёқуб Саидзода зимни шарҳи сабабҳои иҷро нашудани нақшаи андоз дар соли 2019 иттилоъ дод.

Ёқуб Саидзода
Asia-Plus

“Ҳақиқатан ҳам ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” ба номбурда тааллуқ дорад ва бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун хоҷагии тухмипарварӣ ташкил шудааст. Ин хоҷагиро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ на ҳуқуқи таҷдид кардан дорад, на дигар таъсиррасонӣ. Самти фаъолияти ин хоҷагӣ бо тухмии хушсифати пахта таъмин кардани ҷумҳурӣ мебошад. Соли 2019 он дар супоридани андоз ва кишту ҷамъоварии пахта мушкилоти зиёд эҷод кардааст. Ин хоҷагӣ одам, яъне коргар надорад. Аксари заминҳояш ба шаҳрвандон иҷора дода шудааст. Маблағи иҷораи заминро мегиранд, аммо аз ҳисоби он сари вақт ҳаққи истифодаи об ва андози ягонаро намесупоранд. Онҳо инчунин ҶДММ “Зотпарварӣ” доранд. Ба ин ду хоҷагӣ 1,2 ҳазор гектар заминҳои ноҳия вобаста карда шудааст. Қарзашон дар назди буҷет беш аз 1,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мо борҳо роҳбарони ин ширкатҳоро даъвату суҳбат кардем, вале онҳо ҳалли масъаларо ба муассиси ин ширкатҳо ҳавола мекунанд”, - гуфт Ёқуб Саидзода.

Аз истифодаи ҳаққи хизматрасонии об қарздор будани ин ширкатҳоро сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ Фахриддин Ғафуров низ тасдиқ кард.

“Дар назди идораи мо ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” аз ҳаққи хизматрасонии об 240 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Мо вобаста ба рӯёнидани қарзамон ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон шикоят бурдем. Суд баҳсро ба фоидаи мо ҳал кард. Мутаассифона, то ба имрӯз ин ширкат маблағҳои қарзашро пардохт накардааст”, - иброз дошт Ғафуров.

Муродалӣ Алимардон солҳои 1996-2008 дар вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ бо фармони раисҷумҳур дар соли 2008 муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2015 дар ин вазифа буд. Ҳоло ба ҳайси раиси ҶСК “Агроинвестбонк” фаъолият дорад.

Ёқуб Саидзода сабабҳои дигари ҷамъ нашудани андозро низ баён кард.

“Соли 2019 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамагӣ 92% нақшаи ҷамъоварии андоз иҷро шуд. Яке аз сабабҳо номувофиқии нақша бо манбаъҳои андоз аст. Бақияи қарзи ноҳия 8,5 миллион сомонӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 мебошад. Дар ноҳия 5 корхонаи пахтатозакунӣ вуҷуд дошт. Соли 2019 як ададаш фаъолият карда, 4-тои дигараш муфлис шудааст. Қарзи ин корхонаҳо тахминан 4 миллион сомониро ташкил медод. Вақте нақшаи андозро мекашанд, аз бақия ҳам нақшабандӣ мешавад, ки бояд аз ҳисоби қарз андозҳоро ғундоранд. Мутаассифона, ин корхонаҳо имкони пардохти андозро надоранд. Мо дар хусуси ин мушкилӣ ба раиси вилоят ва Кумитаи андоз муроҷиат кардем. Бо вазири молия шахсан худам рафта, суҳбат ва хоҳиш кардам, ки қарзҳои беэътимодро аз эътибор соқит кунад. То имрӯз масъала ҳалли худро наёфтааст”, - изҳор дошт раиси ноҳия.

Вай афзуд, мушкили дуюм сифати ҷамъоварии андоз аст. “На ҳамаи андозсупорандагон дарки масъулият мекунанд, ки маоши кормандони буҷетӣ, аз ҷумла, муаллимону табибон, инчунин нафақаи куҳансолон ба ин вобаста аст”, - гуфт ӯ.

Саидзода мушкили сеюмро ба нозироти андоз марбут донист: “Барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ 5 корманди нозироти андози ноҳия аз кор озод шуданд ва ин ҷойҳои кор холиянд. Дар соли гузашта 4 маротиба сардори нозироти андоз аз сабаби иҷро нашудани қисми даромади буҷет иваз шуд. Ин ҳам таъсири манфӣ мерасонад. То роҳбари нав бо муҳити корӣ шинос мешаваду корро ташкил мекунад, вақт мегузарад”.
Қобили зикр аст, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2019 ба мушкили иҷрои нақшаи андоз рӯ ба рӯ шуд. Мувофиқи маълумоти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, аз сабаби иҷро нашудани нақшаи қисми даромади буҷет 7 миллион сомонӣ ворид нагардидааст. Аз ин рӯ, дар ин ноҳия музди меҳнати кормандони буҷетӣ бо қафомонии як ё ду моҳ пардохта мешуд.

Дар бораи сари вақт насупурдани андозҳои давлатӣ аз тарафи ширкатҳои марбут ба оилаҳои бонуфуз тайи як моҳи охир дар вилояти Хатлон бархе аз мансабдорони маҳаллӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Соҳибназар Ғоибзода
Asia-Plus

Дар нишасти хабарии Раёсати андози вилояти Хатлон ва шуъбаи нозироти андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон гуфта шуд, ҶСШК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” – ширкати мутааллиқ ба Нусрат Файзуллоев, ки заминҳои хоҷагии собиқ “Файзалӣ Саидов”-и ноҳияи Кӯшониён ҳам ба он вобаста карда шудааст, 22 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст.

Соҳибназар Ғоибзода, сардори шуъбаи нозироти андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон гуфт, ки соли 2019 ширкати “Ресандаи Қӯрғонтеппа” дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ 1,5 миллион сомонӣ қарзи андозашро пардохтааст. Аммо 22 миллион қарзи ин ширкат ба рӯйхати андозҳои мушкилситон ворид карда шудааст.

Қаблан раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз насупоридани андози ширкати хонасозии мутааллиқ ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ дар нишасти хабариаш гуфт, ки ин ширкати хонасозӣ дар шаҳри Кӯлоб 4 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.