Нархи маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонӣ дар Тоҷикистон тӯли ду моҳи соли равон 1% (моҳи феврал - 0,4%) боло рафтанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-феврал маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 1,5%, маҳсулоти ғайриозуқа – 0,3% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 0,7% зиёд шуданд.

Байни маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра нархи картошка (21,4%), себ (20,1%), карам (7,6%), пиёз (3,7%), маснуоти макаронӣ (2,5%) ва гӯшти гов (1,2%) ба таври назаррас гаронтар шудааст.

Маҳсулоти ғайриозуқа аз қабили воситаҳои шустушӯйӣ (0,6%), маҳсулоти дорусозӣ (0,5%), хишти сохтмонӣ (0,4%) пойафзол ва матоъ (0,3%) низ қимат шудаанд.

Дар соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба таври қобили мулоҳиза болоравии арзиши чиптаи ҳавопаймо (29,9%) зикр мешавад.

Тайи 12 моҳи соли гузашта нархи чиптаи ҳавопаймо дар умум 11,1% боло рафт.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҳамин сол таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад.

Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар ба сатҳи рекордӣ давоми ҳафт соли охир – 8% расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.