Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 17 июн созишномаи моҳи майи соли ҷорӣ имзошударо дар бораи маблағгузорӣ ба Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд якдилона тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода қайд кард, ки дар созишнома дастгирии молиявии ШСХК “Барқи тоҷик”, ки ба беҳбуди идоракунии ширкат равона мешавад, пешбинӣ гардидааст.

Барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба ШСХК “Барқи тоҷик”134 млн доллар ба сифати грант ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи вазир, корҳои амалисозии лоиҳа соли ҷорӣ оғоз гардида, анҷоми он соли 2026 дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.