Вазорати молияи Тоҷикистон иттилооти марбут ба ҷой доштани мушкили бозгардонии қарзи хориҷиро рад рад мекунад. Бино ба иттилои Вазорат, маълумоти ахиран дар ВАО нашршуда дар бораи он, ки Тоҷикистон дар ҳадди муфлисшавӣ аз қарз қарор дошта, дар ин робита ба қарздеҳони хориҷӣ дар мавриди тамдиди муҳлати пардохти қарз муроҷиат кардааст, асоси воқеӣ надорад.

Дар Вазорат мегӯянд, ки инро шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ тасдиқ карда метавонанд.
Шарҳ дода мешавад, ки моҳи апрели соли 2020 аз ҷониби вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви Бистгонаи бузург (G20) тасмим гирифта шуд, ки пардохти қарзи берунаи ҳамаи кишварҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (IDA) то охири соли 2020 боздошта шавад.

“Ташаббуси мазкур ба дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта дар муқовимат бо пандемияи COVID-19 равона шуда, ба ҳамаи давлатҳое, ки аз кишварҳои узви G20 ва Клуби Париж қарз гирифтаанд, дахл дорад”, - таъкид мекунанд дар Вазорат.

Гуфта мешавад, ба ҷуз Тоҷикистон, аз ин ташаббус зиёда аз 46 кишвари саросари дунё истифода кардаанд.

Илова бар ин, дар иттилоияи вазорат таъкид мешавад. ки дар нишасти навбатии G20 дар моҳи ноябри соли 2020 қарор шуд, ки муҳлати ин ташаббус то моҳи июни соли 2021 дароз карда шавад.

Зикр мегардад, ки Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо бо назардошти тавсияҳои шарикони рушд тасмим гирифт, ки ба ташаббуси давлатҳои Бистгонаи бузург (G20) оид ба ҷорӣ кардани моратория ба пардохти қарзи хориҷии кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ҳамроҳ шавад.

“Ҳадафи аслии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин ташаббус сабуктар кардани оқибатҳои буҳрон тариқи мутамарказ кардани хароҷот барои мубориза бо COVID-19 аст, на озод кардани сарбории қарз бино ба вазъи молиявии кишвар, ки дар ин дар барзе матолиби нашршуда зикр шудааст. Ба ин тариқ, маблағҳое, ки дар натиҷаи таътили пардохти қарзи хориҷӣ срафа шуд, иловатан ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ равона шуд”, - қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар доираи ташаббуси мазкур 3 сентябри соли 2020 Тоҷикистон бо Клуби Париж ёддошти зидахлро ба имзо расонид.

“Дар натиҷа дар мавриди таътили қарзӣ аз “Эксимбонк”-и Чин ва Фонди Кувейтии Рушд ба маблағи умумии 43 млн доллар ва Бонки рушди Олмон (KfW) ба маблағи 363 ҳазор евро тавофуқ ҳосил шуд”, - таъкид мекунанд дар ин ниҳод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.