Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон аз қарзи ҶСК “НБО Роғун” имсол фоиз ситонида намешавад.

Ба қонун дар бораи Буҷети давлатии соли 2021 дар ин хусус аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тағйироти дахлдор ворид шуд.

ҶСК “НБО РОғун” яке аз ширкатҳое мебошад, ки қарзаш аз андоз нисбатан зиёдтар аст: тибқи маълумоти Кумитаи андоз, ба аввали соли ҷорӣ қарзи корхона ҳудуди 50 млн сомонӣ (4,4 млн доллар)-ро ташкил дод.

Мувофиқи меъёрҳои Кодекси андози ҷумҳурӣ, фоизҳо дар ҳаҷми 0,05% аз маблағи қарзи андоз барои ҳар як рӯзи тақвимии пардохташ батаъхирафтода ситонида мешаванд.

Қаблан бо дастури ҳукумат қарзҳои ҶСК “НБО Роғун” ба маблағи зиёда аз 3,2 млн сомонӣ назди 22 ширкате, ки ба идомаи сохтмони неругоҳ машғуланд, кам карда шуд. Ба ин ширкатҳо мутаносибани пардохти ҳамин миқдор қарзи андоз гузашта карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои идомаи сохтмони неругоҳ сармоягузории иловагиро низ ҷалб намояд.

Давоми ҳамин сол ҷалби қарз аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) ба маблағи 340 млн евро дар назар аст.

Айни замон сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун танҳо аз ҳисоби давлат таъмин мегардад.

Соли 2020 барои маблағгузорӣ ба ин иншоот аз ҳисоби буҷет 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 290 млн доллар): 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 1 млрд сомонӣ аз ҳисоби захираҳои байнулмилалии кишвар равона шуд.

Соли ҷорӣ низ барои идомаи сохтмони неругоҳ тақрибан дар ҳамин сатҳи соли гузашта маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла 2,1 млрд сомонӣ аз буҷет равона мегардад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нимаи моҳи октябри соли гузашта зимни вохӯрӣ бо бинокорони неругоҳ изҳор дошт, ки ба корҳои сохтмони неругоҳи Роғн аз оғози барқарор шудани онҳо дар соли 2008, дар маҷмӯъ зиёда аз 25,3 млрд сомонӣ равона гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки НБО Роғун бо иқтидори насбшудаи 3600 МВт бузургтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Айни замон аз 6 агрегат 2-тоаш кор карда, соли 2020 тариқи онҳо 1 млрд 287 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки ба 6,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Гидроагрегатҳои неругоҳи Роғун ҳозир бо иқтидори паст (100-2-120 МВт) кор мекунанд. Иқтидории лоиҳавии ҳар кадоме аз агрегатҳои неругоҳ 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.