Қарзи ширкати электроэнергетикии Афғонистон - Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) ба Тоҷикистон аз барқ аз 33 млн доллар дар аввали соли 2022 то ба 27 млн доллар то ин дам кам шуд, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода.

Ба гуфтаи вай, то аввали соли 2022 қарзи умумии ширкати DABS ба ширкати “Барқи тоҷик” 33 млн долларро ташкил медиҳад.

Асозода таъкид дошт, ки ширкати Афғонистон моҳи январ 2 млн ва моҳи феврали соли равон - 4 млн маблағи қарзро пардохт намудааст.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” изҳор намуд, ки айни замон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба миқдори начандон зиёд - 40 мегаватт-соат барқ интиқол меёбад.

“Дар мавсими баҳору тобистон, ки дар Тоҷикистон неруи барқи барзиёд аз истифодаи дохилӣ истеҳсол мешавад, ҳаҷми интиқол то 400 мегаватт-соат афзун мегардад”, - гуфт раиси ширкат.

Ӯ зикр кард, ки охири моҳи декабри соли гузашта раҳбарияти “Барқи тоҷик” ва DABS ба созишномаи соли 2008 имзошуда дар бораи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то соли 2028 протокол ба тасвиб расониданд.

Дар қарордоди иловагӣ пешбинӣ шудааст, ки соли 2022 содироти шабонарӯзӣ дар мавсими баҳору тобистон (моҳҳои май-сентябр) 400 мегаватт-соат ва дар мавсими тирамоҳу зимистон (октябр-апрел) - 25-30 мегаватт-соатро ташкил хоҳад дод.

Асозода таъкид дошт, ки мутобиқи қарордод, DABS барои 1 киловатт-соат неруи барқи Тоҷикистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Тибқи маълумоти “Барқи тоҷик”, соли 2021 Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи умумии 635,9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) неруи барқ интиқол дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.