Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 июл сабабҳои асосии аз фаъолият бозмондани корхонаҳоро шарҳ дод.

Бино ба гуфтаи вай, ба ҳолати то 1 июли соли 2022 дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 479 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Шумори корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар ин давра тибқи маълумоти вазир, 673 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла 583 корхонаҳои мавсимӣ ва 77 корхонаи фаъолияташ қатъшуда.

Шумори чунин корхонаҳо дар Душанбе 25 адад, вилояти Хатлон - 13, Суғд - 47 ва ВМКБ - 5 ададро ташкил медиҳад.

Вазир гуфт, сабаби аслии фаъолият накардани ин корхонаҳо дар он аст, ки онҳо дар марҳилаи барҳамдиҳӣ ва муфлисшавӣ қарор доранд.

Вазир изҳор намуд, ки аксарияти ин корхонаҳо мушкили молиявӣ дошта, бисёре аз онҳо аз андоз қарздоранд ё бо бонкҳо баҳсҳои амволӣ доранд.

“Инчунин қисмате аз корхонаҳо бо сабаби фарсудашавӣ ё мавҷуд набудани таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ, надоштани иҷозатнома ва харидор надоштани маҳсулоташон дар бозор кор намекунанд”, - иброз дошт Шералӣ Кабир.

Дар ҳамин ҳол, вазир дар бораи корхонаҳои нави имсол таъсисёфта низ маълумот дода, зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 137 корхонаи нав ва 47 коргоҳ (сех) ба фаъолият оғоз намуда, дар онҳо ҳудуди 4 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.