Сокини деҳаи Дӯстии шаҳри Норак Зуҳро Маҳмадёроваи 25-сола нимаи рӯзи 5 феврал бо 4 духтараш худро аз болои пул ба дарёи Вахш партофтаанд. Дар бораи ин ҳодисаи фоҷебаор ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Норак хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо ғарқ шуда, ҷасадҳои модару духтаронаш - дугоникҳо Кибриё ва Хадича, Маърифати 5-сола ва Рафоати 4-соларо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дарёфта, ба кормандони милитсия супурдаанд. Ҷасадҳои онҳо ба хок супурда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти милитсия ва прокуратураи шаҳри Норак ин ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.