Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон, 23 километр дуртар аз кӯли Сарез заминларза рух дод.

Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии ҷумҳурӣ, таконхӯрии замин соати 07:48 дақиқаи субҳ ба қайд гирифта шуда, маркази он дар 357 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 23 километрии шарқи кӯли Сарез воқеъ будааст.

Гуфта мешавад, дар маркази заминларза қуввваи он - 4 балл ва дар кӯли Сарез - 3 баллро ташкил додааст. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки давоми ҳафтаи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон чандин маротиба таконхӯрии шадиди замин ба қайд гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 3 май дар қаламрави ноҳияи Лахш дар муддати як дақиқа якбора ду заминларза рух дода, қувваи он дар марказ 6 баллро ташкил дод. Як рӯз баъд дар ҳамин қаламрав боз як заминларзаи қувваш дар марказ 5 балл ба қайд гирифта шуд. Рӯзи дигар, 5 май низ боз дар ноҳияи Лахш заминларза бо қувваи 6 балл дар марказаш сабт шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари ин заминларзаҳо дар деҳаи Саргойи ҷамоати Олғаи ноҳияи Лахш ду манзил осеб дидаанд.