Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 1 шабонарӯз шаш нафар кӯдакон ва наврасонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Дар обанбори “Барқи тоҷик” кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд аз ҳодисаи мусибатборе пешгирӣ карданд, ки метевонист ба сари чанд хонавода фоҷеа орад.

Панҷ нафар ноболиғон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қоидаҳои оббозиро дағалона нақз мекарданд, қариб буд дар оби баҳр ғарқ шаванд. 

Ин бачаҳо бо эътимоди беақлона ба қувваи худ шинокунон аз соҳил хеле дур рафтанд ва танҳо ҳушёриву зиракӣ ва касбияти баланди наҷотбахшони Кумита тавонист аз ҳодисаи марг дар об ҷилавгирӣ кунад. Онҳо хеле зуд ба ҷойи ҳодиса худро расонданд ва наврасонро аз об ба соҳил кашиданд.

Ҳодисаи ба ин монанд дар шаҳри Хоруғи ВМКБ рух дод. Аз бетаваҷҷуҳии водидон ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ духтари 14-солаи маҳаллӣ қариб буд дар об ғарқ шавад. Вай ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи фарҳангиву дилхӯшии шаҳр, бо истифода аз баллони худсохт дуртар аз соҳил рафт, вале баъдан баллон чаппагардон ва худи ӯ ғарқ дар об шуд.

Бо талоши кормандони наҷоти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ин духтар наҷот дода шуд ва дар берун аз об барояш кӯмаки фаврии тиббӣ расониданд. Баъди он ки ба ҳуш омад, падару модарашро суроғ карданд ва ба онҳо таслим намуданд.

Волидони муҳтарам!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ёдовар мешавад, ки бачаҳоро дар назди ҳавзҳои оббозӣ беназорат гузоштан мумкин нест, зеро таҷрибаҳо нишон доданд, ки аксари ҳодисаҳои нохӯш дар об бар асари он рух медиҳад, ки волидон ба сарнавишти фарзандони худ бепарвоянд. Бачаҳо бояд ҳамеша зери назорат бошанд, бахусус дар ҳолатҳое, ки онҳо дар назди ҳавзҳо ва ё соҳили рӯдхонаҳо саргарми бозианд.

Зеро беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ баъзан муҷиби он мешавад, ки одамон ҳатто бо ҳаёти худ падруд бигӯянд. Худбоварию ман-манӣ дар аксар ҳолот хатарзост ва баъзан ҳатто кушанда аст.

Дар бисёр ҳолатҳои ҷавонону наврасон наметавонанд неруи воқеъии худро арзёбӣ кунанд. Онҳо бо шартҳо миёни худ шиноварӣ мекунанд, ба дарунтар ҳаракат мекунанд, ба мисли он ки бо ҳам дар шиноварӣ сабқат доранд. Ва дар аксар ҳолатҳо ин гуна муносибат боиси ҳодисаҳои нохӯш мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки зарфи чанд рӯзи оянда гармои шадид ва обуҳавои хушк дар кишвар ҳифз мешавад. Болорави ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои баландкуҳ боиси об шудани барфҳову пиряхҳо мешавад ва ин оби рӯдхонаҳоро бештар мекунад. Ин ҳолат метавонад муҷиби омадани сел, резиши санг ва ярч шавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо хеле ҳушёр бошанд, бахусус дар истифода аз роҳҳои куҳӣ ва истироҳат дар назди ҳавзҳову кӯлҳо ва соҳили рӯдхонаҳо бо таваҷҷуҳ бошанд.