Дар рӯзи ҷашни Иди моҳи шарифи Рамазон дар вилояти Суғд як ҷавонзан даст ба худкушӣ зада, худро ба Сирдарё партофт.

Тавре корманди маркази матбуоти ситоди ҲФ ва МГ вилояти суғд Шаҳзода Буттаева хабар дод, тахминан соати 21:20 дақиқа зани 39-солаи сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз купрӯки воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд худро ба дарё афкандааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷасади зан дар қаламрави “Вододром”-и шаҳри Хуҷанд дарёфт ва ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон сабабҳои ба ин амал даст задани ҷавонзан мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.