Дар боздоштгоҳи махсуси шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия чанде аз бошандагони он ба ҷисми худ осеб расонида, ихроҷи таъҷилии худро ба ватан талаб кардаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, кормандони пулис бетартибиҳоро фурӯ нишонданд. Ба се муҳоҷир дар худи боздоштгоҳ ёрии тиббӣ расонида шудааст. Як нафарро ба беморхона бурда, пас аз ёрии тиббӣ баргардонидаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (омбдусмен)-и минтақа Татяна Мерзлякова гуфтааст, дар ин ҷо истифодаи телефон як соат дар як рӯз иҷозат аст, лекин ошӯбгарон истифодаи доимии онро талаб кардаанд.

“Ин ҷо сари 11 нафар муҳоҷирон сухан меравад. Ҳодиса дар қисмати шахсоне, ки бояд ихроҷ шаванд (собиқ маҳкумшудагон, ки ихроҷ аз Русияро интизоранд) рух дода, онҳо аввал алоқаи шабонарӯзии телефониро барои худ талаб кардаанд, ки манъ аст. Вақте талаби онҳо рад шуд, гуфтаанд, ки ба худ осеб мерасонанд”, - хабар додааст ба Znak.com Мерзлякова.

Ба қавли ӯ, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон даст ба ошӯб задаанд ва саркардаи ин амал як сокини Молдова будааст.

“Албатта, онҳо хеле норозиянд. Ҳис мекунанд, ки ҳуқуқашон поймол шудааст. Як ҳавопаймо бо ихроҷшудагон ба Ӯзбекистон парвоз кард. Дар он 152 касро фиристодем, як ҳавопаймои дигар муҳоҷиронро ба Қирғизистон бурд. Аммо аз Тоҷикистон ҳавопаймо нест.  Онҳо аз интизорӣ хаста шуданд”, - шарҳ додааст омбудсмен.

Айни замон дар ин боздоштгоҳи махсус 130 нафар нигаҳдорӣ мешаванд (то пандемияи коронавирус – 249 кас), ки 100 нафарашон маҳз шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

“Мо ба онҳо бори дигар итминон додем, ки бо барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо дарҳол онҳоро ба ватаншон мефиристем”, - таъкид доштааст Мерзлякова ва ваъда додааст, ки бо ин масъала ба консулгарии Тоҷикистон муроҷиат мекунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари пандемияи коронавирус ё бо сабабе айни замон дар хориҷи кишвар дармондаанд, бо рақамҳои телефон ва имайлҳои зерин ба намояндагиҳои Тоҷикистон муроҷиат карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.