Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 19 июл дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, 3 кас ҳалок ва 4 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 31-солаи ноҳияи Ёвон ҳагоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи боркаш таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳри Истаравшан бармехӯрад.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи сабукрав ва ду нафар мусофирони он - занони синни 50 ва 47-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Боз чор нафар мусофирони автомашинаи “Опел-Астра”, аз ҷумла ду нафар кӯдакон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Зикр мегардад, ки  ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқи кормандони Раёсати БДА қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.