Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 3 август дар роҳи мошингарди Сангвор - Душанбе рух дод, 4 нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини 30-сола ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) Хӯҷавалӣ Комилов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба ҷуқурии 70 метра сарозер мешавад.
Гуфта мешавад, дар натиҷа худи ронанда, падари 65-сола ва бародари 24-солааш, инчунин боз як мусофири автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ду мусофири дигари он бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.
Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, давоми 6 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт 151 кас ба ҳалокат расида, 516 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Президент Казахстана подписал закон о запрете вейпов
Что нужно молодежной сборной Таджикистана для выхода из группы?
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: «Вечная дружба», долгожданная вода и ответный визовый режим
В Душанбе сегодня открыли две новые гостиницы
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 20 апреля 2024 года
Легенда таджикского кинематографа. 45 лет назад не стало Бориса Кимягарова
На западе Казахстана задержали похитителей противопаводковых укреплений
Стали известны размеры денежных призов Душанбинского полумарафона
5 видов заболеваний, которые обостряются весной
В России уволили ректора Института русского языка после скандала с тестами для мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста