Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз пайдо шудани кӯдаки 2-моҳае, ки дирӯз, 30-юми ноябр дар Душанбе дар назди дармонгоҳи рақами 13 (собиқи дармонгоҳи № 1) дуздида шуда буд, хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин ниҳод нафари гумонбар дар дуздии кӯдак ҳам боздошт шудааст.
Бино ба иттилои РВКД Душанбе нафари гумонбар дар дуздии кӯлдаки 2-моҳа сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Нигора Ахмедова будааст.
Пулиси Душанбе мегӯяд, ки гумонбар дар дуздии кӯдакро соати 04.20 субҳ берун аз ҳудуди Душанбе боздошт кардаанд ва кӯдакро ҳам сиҳату саломат пайдо кардаанд.
Дафтари матбуоти РВКД Душанбе навиштааст, ки ин зан ҳангоми қарордошт дар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудини модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта ба самти номаълум ғайб задааст.
"Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Ахмедова Нигора тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд",- омадааст дар хабарномаи пулис.
Дирӯз шоҳидони ин ҳодиса ба «Азия-Плюс» аз рабуда шудани кӯдак хабар дода буданд. Пулиси Душанбе мегӯяд, ин ҳодиса дирӯз, тақрибан соати 15.00 рух додааст.
Яке аз шоҳидони ҳодиса дирӯз ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки "ҷавонзане бо кӯдакаш барои муоинаи назди духтур омада буд. Вале гуфтаанд, ки духтур бидуни дасткаш кӯдакро муоина намекунад ва дасткашро бояд худи корафтода биорад. Ҷавонзан барои харидани дасткаш рафтанӣ мешавад ва ба зани паҳлӯяш пешниҳод мекунад, ки метавонад то омаданаш кӯдакшро бигирад. Ҷавонзан гумон мекунад, ки ин корманди дармонгоҳ аст ва кӯдакро медиҳад. Аммо вақте бармегардад на он занро меёбаду на кӯдакашро".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Завтра в Душанбе временно перекроют некоторые участки дорог для транспорта
Каждая роль, сыгранная ею – шедевр. Памяти Тухфы Фазыловой
Как распространяется корь и как предотвратить её?
В Германии пятерым таджикистанцам предъявлены обвинения в создании террористической организации
Сбор и сортировка мусора: Таджикистан принимает участие в «Евразийском Кубке Чистоты»
Задолженность по зарплате в Таджикистане превысила 2,5 млн долларов
Из 21 века в сказку древних времен. Интересные факты о «Худжандской крепости»
В Таджикистане свыше 142 тыс. сомони похищено при строительстве столовой в Центре тестирования
В Душанбе состоится конференция женщин журналисток
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста