Бар пайи боронбориҳои бегоҳии рӯзи 23-юми апрел дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел омада, чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шудааст.

Сел ҳамчунин чанд муддат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакентро мутаваққиф сохтааст.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 23-юми апрел, тахминан соати 18:10 дақиқа бар асари боришоти борон дар деҳаҳои Заврон ва Навободи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ сел омад, ки барои муайян ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шудааст. 

Мутриб Шоҳназаров, масъули кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Панҷакент ба Азия + гуфт, хисорот то ҳол пурра муайян нашудааст, аммо аз рӯи ҳисоботи пешакӣ, ду сар чорвои сокинон, 6 км роҳҳои байни деҳаҳо, беш аз 40 га заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ талаф дида, ба 22 хона обу лойобаи сел даромадааст.

Шаҳри Панҷакент яке аз шаҳру ноҳияҳои осебпазир дар Тоҷикистон аз ҷиҳати рух додани офатҳои табиӣ буда, ҳамасола дар ин минтақа омадани чандин ҳодисаҳои селу ярч ё ба назар мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.