Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки дар ошӯби собиқ вазири мудофиаи кишвар Абдӯҳалим Назарзода, маъруфтар чун Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамаи аломатҳои табаддулоти давлатӣ ҷой доштанд.

Ба гуфтаи ӯ, гуноҳи ҷонибдорони Ҳоҷӣ Ҳалим ва раҳбарияти Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар кӯшиши даст задан ба табаддулоти давлатӣ пурра исбот шудааст.

Бино ба маълумоти прокурори генералӣ, аз рӯи далели даст задан ба исёни мусаллаҳона нисбати ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, нисбати 170 нафарашон аллакай ҳукми айбдорӣ содир шудааст.

«Ғайр аз ин, аз рӯи далели даст доштан ба ошӯб 25 нафар аъзои ХНИТ низ маҳкум шуда, дар мурофиаҳои судӣ гуноҳи айбдоршавандагон пурра исботи худро ёфт», - таъкид дошт прокурори генералӣ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ яке аз созмондиҳандагони исёни мусаллаҳона буда, мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст ва зуд ё дер назди суди Тоҷикистон ҷавоб хоҳад гуфт.

Зимнан зикр гардид, ки дар мақомоти прокуратураи Тоҷикистон нисбати собиқ фармондеҳи фирории Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД Гулмурод Ҳалимов ва ҳамзисти ӯ (ҳамсари дуюм) Ҳумайро Мирова низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.