Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар робита ба ҳодисаи куштори духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода марди 62-солаи сокини ҳамин шаҳр, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода боздошт шудааст. Ӯ ба додани гувоҳии бардурӯғ дар ин ҳодиса гумонбар дониста мешавад.

Аввали моҳи феврал ду ҷавон дар шаҳри Турсунзода духтари 17-соларо куштанд. Нахуст мақомоти милитсия иттилоъ дода буданд, ки духтар бо роҳи оташзанӣ даст ба худкушӣ задааст, ҳарчанд дар ҷисми осори зиёди зарбҳои корд аён буд.

Дар маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфта мешавад, гумонбаршуда ҳангоми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббии ҷасади духтари 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сешанбе, дидаву дониста, ки ӯ аз захмҳои халандаю буранда ба қатл расонида шудааст, хулосаи бардурӯғи ташхиси суддӣ-тиббӣ додааст, ки гӯё духтари ноболиғ даст ба худкушӣ зада, худро бо роҳи оташзанӣ ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ давом доранд.

Қобили зикр аст, ки оид ба куштори шаҳрванди ноболиғ, сокини шаҳри Турсунзода И.Н. дар рӯзи 02.02.с.2017 ВКД ҶТ иттилоъ дода буд, ки дар баъзе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари нодуруст паҳн гашт, ки гӯё ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷинояти мазкурро пинҳон карда, ҳамчун ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта бошад.

Дар маълумот зикр гардида буд, ки аз рӯзи аввали содиршавии ин ҳодиса кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода онро пайгирӣ намуда, бевосита дар якҷоягӣ бо мақомоти Прокуратура дар кушодани ин ҷиноят иштирок намудаанд.

«Кормандони милитсия санҷишро баъди бақайдгирии ҳодиса боз надошта, аз рӯи фарзияҳо корро давом дода, чанд нафар шахсонеро, ки бо марҳум алоқамандӣ доштанд, мавриди коркарди оперативӣ қарор дода, бо бурдани корҳои оперативӣ рӯзи 09.02.с.2017 гумонбарони ин ҷинояти мудҳишро ошкор намуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳод карданд», - қайд шуда буд дар маълумот.