Аз рӯи далели майдаавбошӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ сокини 51-солаи шаҳри Душанбе, зодаи ноҳияи Рашт Алишер Ҳалимов боздошт шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, охири моҳи сентябр ӯ ҳангоми фаромаданаш аз микроавтобуси мусофиркашонии рақами 28 ва гирифтани бақияи роҳкиро, дар ҳолати мастӣ ронанда ва дигар мусофирони нақлиёти мазкурро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бар замми ин бо пояш якчанд маротиба ба дари воситаи нақлиёт задааст.

Бо ин кирдораш номбурда оромии шаҳрвандонро халадор намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.

Зикр мегардад, ки дар ҳамин ҳол, мегуфтааст, ки номи ӯ “Аюб-пистолет” аст ва ҳеҷ касе ба ӯ баробар шуда наметавонад.

Гуфта мешавад, қонуншикан бо истифода аз маълумоти шаҳрвандон боздошт шуда, бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати А.Ҳалимов ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.