Тибқи маълумоти камераҳои “Шаҳри бехатар” ӯ 152 маротиба ба қонуншикании ҳаракат дар роҳ даст задааст.

Сокини пойтахт Файзинисо Ҳасанова дар автомашинаи шахсии тамғаи ВАЗ-2107 “рекорд”-и навро дар қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ дар роҳҳои мошингарди Душанбе гузошт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, то имрӯз ӯ ҷаримаҳояшро барои ин амал пардохт накардааст.

Аввали моҳи март Раёсати БДА ВКД ҷумҳурӣ аз “рекорд”-и ҷавонзани дигари сокини пойтахт Кенҷамо Акбарова дар ин самт хабар дода буд, ки 98 маротиба қоидавайронкуниҳои ӯро камераҳои мушоҳидавӣ сабт карда буданд.

Ҳамаи ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар камераҳои мушоҳидаи видеоии лоиҳаи “Шаҳри бехатар” сабт шудааст. Лоиҳаи мазкур 31 октябри соли 2013 дар Душанбе мавриди амал қарор гирифт. Он замон дар 75 чорраҳа ва роҳҳои кӯчаҳои марказии пойтахт 855 камера насб шуд. Арзиши умумии лоиҳа 22 млн. долларро ташкил дод.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз замони оғози кори лоиҳа то аввали соли равон  наздики 1 млн. нафар қонуншиканон ба маблағи умумии беш аз 120 млн. сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.