Фарзияи расмии боздошт ва аз мансаб барканор шудани раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ унвон мешавад. Дӯстону наздикони собиқ раиси шаҳр мегӯянд, ӯ бинобар сабаби гуфтаҳояш нисбати сардори Хадамоти алоқа ба ин ҳол гирифтор шудааст.

Аввали ҳамин ҳафта, 8 июн Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Тоҷикистон дар бораи боздошти раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода барои даст доштанаш дар ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар дод. Алҳол маълум нест, ки ӯ маҳз чӣ гуна ҷиноятҳо содир кардааст. Хабарнигори “Азия-Плюс” дар Кӯлоб аз дӯстону шиносҳои ӯ пурсид, ки ин ҷо сари кадом масъала сухан меравад.

Хабари мазкурро сокинони Кӯлоб ба ҳар гунае пазируфтанд. Шиноси наздики Баҳром Иноятзода мегӯяд, дар содир кардани ҷиноятҳое, ки ӯро айбдор мекунанд, раиси шаҳр гунаҳкор нест.

“Ӯ дар Кӯлоб зода шудаву ба воя расид, солҳои зиёд ба ҳайси бинокору меъмор дар шаҳр кор кард, бо хоҳиши зиёд кор мекард. Мушкил сраи он аст, ки атрофиёнаш пушти сари ӯ бисёр вақт бо корҳои ифлосу коррупсионӣ машғул мешуданд. Ӯ инро фаҳмид, лекин  аллакай дер шуда буд", - иброз дошт ӯ.

Дигаре аз дӯстони Иноятзода, ки нахост номаш ифшо гардад, қайд кард, ки сабаби боздошту барканории Иноятзода гуфтаҳои ӯ ба унвони сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли равон буда метавонад.

“Ду корхонаи Бег Сабур дар Кӯлоб фаъолият доранд. Ин корхонаҳо аз пули барқу пардохти андоз беш аз 4 млн сомонӣ қарздор шуданд. Агар қарз пардохт нашавад, мо чора меандешем”, - гуфта буд он замон Баҳром Иноятзода.

Ба саволи рӯзноманигор дар бораи чӣ чора андешидан, раиси шаҳр чунин посух дод:

“Мо интиқоли обу барқро қатъ мекунем ва корхонаҳои ӯ аз фаъолият бозмемонанд”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, раисони пешинаи шаҳр кӯшиш мекарданд, ки ба масоили вобаста ба ширкатҳои Бег Сабур дахл накунанд.

“Ба фикрам, маҳз ҳамин гуфтаҳо сабаби боздошти ӯ шуданд. Мо ӯро огоҳ карда будем...”, - мегӯяд дӯсти вай.

Қобили зикр аст, ки на ҳамаи сокинони шаҳр аз ин ақида ҷонибдоранд.

Яке аз сокинони шаҳр изҳор намуд, ки ӯро воқеан ҳам барои корҳои номуносибаш боздошт кардаанд.

“Бисёриҳо инро медонистанд, ӯро мушоҳидаву ҳамаи амалҳои ҷинояткоронаашро сабт мекарданд ва вақте ки далелҳои кофӣ ҷамъоварӣ шуданд, ӯро ба ҳабс гирифтанд”, - мегӯяд ин шахс.

Сабриддин Ҷумъабоев, сокинони дигари Кӯлоб аз он шикоят кард, ки дар замони раисии Иноятзода вазъи некӯаҳволии сокинони шаҳр беҳтар нашуд.

“Аққалан, биёд ҳамин қазияи истгоҳҳоро мисол мегирем. Ӯ онҳоро кӯчонида (тахриб карда), лекин навашро насохт”, - қайд кард вай.

Дар нишасти матбуотии охир Баҳром Иноятзода изҳор дошт, ки дар ҳамаи истгоҳҳои шаҳр ғайриқонунӣ мағозаву сартарошхона ва дигар гнуқтаҳои фурӯш сохта шудаанд ва аз ин рӯ, вай тасмим гирифтааст, ки ҳамаашро аз байн мебардорад, “то ки ҳусну зебоии шаҳрро коста нагардонанд ва агар касе хоҳиш дошта бошад, бигзор истгоҳҳои муосир бунёд кунад”.

“Лекин ин беақливу салоҳи кор нест, - мегӯяд Ҷумъабоев. - Ҳар шахси оқил пеш аз буридани дарахти кӯҳна паҳлӯяш навниҳол мешинонад. Иноятзода бошад, ҳамаи истгоҳҳоро тахриб карда, чандин касонро аз луқмаи нонашон маҳрум кард ва ягон истгоҳи нав насохт”.

Дар ҳамин ҳол, яке аз табибони Кӯлоб ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки рӯзҳои охир Иноятзода худро начандон хуб ҳис мекард, аз ҳарорати баланд шикоят карда, муолиҷа мегирифт.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 27 май ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ронандаи раиси шаҳри Кӯлоб Хурсанд Хуррамов ва 3 июн ёвари ӯ Фирӯз Қурбонов боздошт шуданд. Дар рафти тафтишоти пешакӣ онҳо баёнот доданд, ки ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳри Кӯлоб содир намудаанд.

Айни замон нисбат ба Баҳром Иноятзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.