Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини ноҳияи Восеъ Саидшоҳ Маҳмадалиевро мутобиқи моддаи 376 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи  узвмаибкунӣ  ё усули дигар) ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре дафтари матбуоти гарнизони ҳарбӣ хабар медиҳад, барои пеш аз муҳлат озод шудани аз хизмати ҳарбӣ Маҳмадалиев худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд мекардааст.

“Саидшоҳ Маҳмадалиев моҳи октябри соли гузашт даъват шуда, дар яке аз қисмҳои низомии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия адои хизмат мекард, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ӯ дар давоми хизмат бинобар сустиродагӣ ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, бо мақсади тамоман озод шудан аз хизмати ҳарбӣ  бо мақсади бовар кунонидани фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба беморӣ, худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд мекард.

Тибқи маълумоти суд, фармондеҳии қисми ҳарбӣ ӯро барои гузаронидани ташхиси рӯҳӣ ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ фиристода, табибон муайян кардаанд, ки Маҳмадалиев комилан солим аст ва гирифтори бемории руҳӣ набуда, рафтори сохтакорона кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.