Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ду ҷавонро барои лату кӯби се хоҳар дар назди фарзандони ноболиғашон дар пойтахт боздошт  ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин ду ҷавон, замоне он се хоҳар ҳамроҳ бо фарзандонашон дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба сайругашт машғул будаанд, “гаппартоӣ карда, бо алфози қабеҳ дашном ва ҳамзамон мавриди латукӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа яке аз ҷавонзанон ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”.

Ин ҳодиса, 14-уми майи имсол, шабона, тақрибан соати 20.30 дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии Душанбе, наздик ба макони зисти се хоҳар рух додааст.

РВКД дар Душанбе бо нашри матлабе дар торнамояш овардааст, ки ин ду ҷавон алайҳи се хоҳар “гаппартоӣ ва суханони қабеҳ гуфта, онҳоро мавриди озор қарор доданд. Ҳамзамон дастгиршуда Ҳусейн Ғаниев бо ин қаноат накарда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷавондухтарони муроҷиаткунандаро бо мушту лагад зери латукӯби қарор додааст”.

Пулис мегӯяд, ки ин занҳо лату кӯб ба РВКД дар Душанбе шикоят бурда, наворе аз ҳодисаро низ пешниҳод кардаанд.

Ҳоло пулис Ҳусейн Ғаниеви 24-сола ва Алиҷон Қурбонови 25 – сола,  ҳар ду сокини Душанберо бо гумони даст доштан дар ин кор боздошт кардааст. Алайҳи ҳар ду бар асоси  моддаи 237 (авбошӣ) қисми 2 банди «б»-и КҶ ҶТ тафтишоти ҷиноӣ бурда мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.