Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 3 ноябр дар кори Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек иштирок мекунад. Иштироки худ дар ин чорабиниро ба ҷуз Ӯзбекистон (муовини нахуствазир намояндагӣ мекунад), дигар нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ тасдиқ кардаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар Бишкек вохӯриҳои дуҷонибаи Қоҳир Расулзода ба нақша гирифта нашудааст.

Дар кори Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек имзои на камтар аз 8 санад дар назар буда, баёнияи муштараки нахуствазирони кишварҳо қабул мешавад.

Бино ба маълуомти ВАО-и Қирғизистон, иштироки худ дар ин чорабиниро нахуствазирони Русия Дмитрий Медведев, Қазоқистон - Бакитжан Сагинтаев, нахуствазири Шӯрои давлатии Чин - Ли Кэсян ва муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов тасдиқ кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон ва сафири Муғулистон дар Қирғизистон ба сифати нозирон дар кори Шӯро ширкат меварзанд. Нахуствазири Беларус алҳол иштирокашро тасдиқ накардааст.