Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо вазири давлатии корҳои хориҷии ин кишвар Султон Саъд ал-Мурайхӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бо чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус аҳамияти тақвияти муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризму ифротгароӣ табодули назар намуданд.

Сафир даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ба вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ “Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм”, ки дар шаҳри Душанбе 3-4 майи соли 2018 баргузор мегардад, супорида, даъватнома бо арзи сипос пазируфта шуд.

Гуфта мешавад, Хисрав Соҳибзода ҳамчунин бо Мудири иҷроии Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар (Qatar Museums Authority) Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд мулоқот намуд.

Хисрав Соҳибзода ва мудири иҷроияи Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд
Акс аз ВКХ ҶТ

Дар рафти суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои осорхонашиносӣ ва ҳифзи мероси фарҳангию таърихӣ баррасӣ шуданд.  Дар ин замина ҷонибҳо зарурати табодули мутахассисон ва таҷриба дар соҳаи мудирияти осорхонаҳо, танзими давраҳои омӯзишӣ  ва инчунин аҳамияти ташкили намоишгоҳҳои муштараки осори фарҳангию таърихиро дар тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи мардумони Тоҷикистону Қатар таъкид намуданд.

Идораи осорхонаҳои Қатар омодагии худро барои таблиғ ва муаррифии меросии ғании фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик дар осорхонаҳои Қатар иброз намуд ва аз пешниҳоди имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” истиқбол кард.