Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  рӯзи 28 май бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028” брифинг доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори конфронс аз иштироки зиёда аз 1 ҳазор меҳмон аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сарони давлатҳо/ҳукуматҳо, роҳбарон ва намояндагони баландпояи сиёсати хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои марбутаи кишварҳо интизорӣ меравад.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИА (Иттиҳоди Аврупо), СААД, СҲШ, ИДМ, ФБНА (Фонди байналмилалии наҷоти Арал), инчунин дигар ташкилоту муассисаҳо, шарикони рушд, созмонҳои марбут ба дарёву ҳавзҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат хоҳанд варзид.

Ба иттилои манбаъ, бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо СММ ва шарикони дигар, рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи пешбурди фаъолият ва муколамаи сиёсӣ дар соҳаи об ба хотири рушди устувор, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор мешавад.

Ҳадафҳои асосии баргузории Конфронс баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба амалисозии саривақтӣ ва самараноки  Ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои вобаста ба оби Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин баррасии гомҳои баъдӣ барои татбиқи Нақшаи фаъолияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ унвон шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Конфронс ба дарки амиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028”, пешбурди идоракунии дастаҷамъонаи захираҳои об, фаъолгардонии Ҳадафи 6-уми ва дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.