Рӯзи чоршанбе, 6-уми ноябр гуфтугӯйи телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор шуд.

Тавре хадамоти матбуоти Идораи сиёсати хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, Чингиз Айдарбеков дар робита ба ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бар асари он кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ҳалок шуданд, изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар маълумоти нашршуда гуфта мешавад, ки ҷониби Қирғизистон чунин амалҳоро маҳкум карда, ба талошҳои муштараки давлатҳои минтақа баҳри таъмини амнияти минтақавӣ дастгирии қавии худро изҳор медорад.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба аҳли оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтидаи Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин айни замон шомили ҳайатест, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари Аврупо ҳамроҳӣ мекунад,.

Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар Берн бо сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария И. Кассис вохӯрдааст. Зимни мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаҳои мухталиф, инчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ ва дурнамои рушди онҳо баррасӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.