Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзадии вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмуродро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, вазир барои соҳиб шудан ба курсии вакилӣ дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рақобат мекунад. Қаблан ба рӯйхати номзадҳо аз ҲХДТ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Идигул Қосимзода ва муовини ӯ Зулфия Давлатзода шомил гардида буданд.

Дар сурати вакил интихоб шудани номзадҳои номбурда, ба вазифаи ишғолкардаи онҳо шахсони дигар таъин мешаванд.

Дар меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон ба шахсоне, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб мешаванд, машғул шудан ба фаъолият дар дигар соҳаҳо (ба ҷуз эҷодӣ ва илмӣ) манъ аст. Бо назардошти ин метавон гуфт, ки пас аз натиҷаҳои интихоботи парлумонии ба рӯзи 1-уми март таъиншуда дар ҳукумати кишвар ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд.

Ҳуқуқшиноси касбӣ Рустам Шоҳмурод 3-юми майи соли 1965 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Номзади илми ҳуқуқ мебошад. Дар мақомоти прокуратура ва Вазорати адлияи кишвар фаъолият кардааст. Аз соли 2009 то 2012 ба ҳайси муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ифои вазифа кардааст.

Ӯ дар давоми 8 соли охир – аз 5-уми январи соли 2012 то кунун ба ҳайси вазири адлияи ҶТ кор кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.