Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода ба баррасии ҷузъиёти амалисозии лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Ёвон” дар дарёи Зарафшон дар қаламрави ноҳияи Айнӣ оғоз кард. Дар ин бора маркази матбуоти ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" хабар медиҳад.

Ҳайати Ӯзбекистонро дар гуфтушунид сарвари Раёсати ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" Абдуғанӣ Сангинов роҳбарӣ мекунад.

Имрӯз, 29-уми январ ҷонибҳо ният доранд, ки масоили техникӣ ва молиявии амалисозии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳро баррасӣ кунанд.

Гуфта мешавад, мувофиқи нақшаи дуҷониба, нахуст НБО “Ёвон” бо арзиши 282 млн. доллар, иқтидори 140 МВт ва истеҳсоли 700-800 млн. кВт/соат нерӯи барқ сохта шуда, ҷонибҳо дар марҳилаи баъдӣ имкони бунёди НБО дар рӯдхонаи Фондарёро баррасӣ мекунанд. Маблағи сохтмони он 270 млн. доллар бо иқтидори 135 МВт ва истеҳсоли 500-600 млн. кВт/соат нерӯи барқ арзёбӣ шудааст.

Нерӯгоҳҳои барқии обии бунёдмешуда то 1400 млн. кВт/соат нерӯи аз лиҳози экологӣ тозаро танҳо барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол хоҳанд кард.

Ҷониби Тоҷикистон қайд кардааст, ки “вохӯрии мазкур қадами аввалин дар самти амалисозии лоиҳа буда, иродаи сарони ҳар ду кишварро таҷассум мекунад”.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2018 аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон дар Тоҷикистон изҳори назар карданд.

Он замон зикр гардида буд, ки “ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои таҳияшудае дорад, ки аз арзёбии фанниву иқтисодии ҷавобгӯйи меъёрҳои байнулмилалии бонкҳои бузург гузаштаанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.