Ҳизби демкорати Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон гуфтааст, ки Ворух ҷузъи ҷудонопазири Тоҷикистон аст. Дар муроҷиатномаи ин ҳизб изҳороти ахири раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон "бемаврид ва бебунёд" унвон шудааст.

Дар муроҷиатномаи Шӯрои сиёсии ҲДТ омадааст, ки "мавзӯи аввал мушкилоти хатти марз, баҳс дар атрофи минтақаҳои наздимарзист, ки чанд сол боз мардуми ду тарафи марзро ба мушкили иртиботи ҳамсоягӣ, обу замин, часпу талоши сарҳадбонон, гуфтушуниди мақомоти давлатӣ ва нооромӣ дар хатти марз рӯ ба рӯ кардааст. Маълум аст, ки ба сабаби анҷом наёфтани нишонагузории хатти марз, тарафҳо бар сари минтақаҳои ҷудогонаи замин ва баъзе иншооти наздимарзӣ даъво доранд. Ин мушкил ба шиддат ёфтани мухолифатҳои марзӣ сабаб шудааст".

ҲДТ яке аз омилҳои шиддат гирифтани баҳси расонаии марзӣ бо Қирғизистонро дар "изҳороти бемаврид ва бебунёд"-и раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи иваз кардани минтақаи Ворухи Тоҷикистон аст. Изҳороти ахири ин мақомдори қирғиз эътирози одамони зиёдро дар Тоҷикистон ба бор овардааст".

ҲДТ изҳороти раиси Комиссияи ҳукуматии кишвари ҳимсояро "изҳорот аз тарафи як мақомдор аст" унвон карда, гуфтааст, ки "он нуқаи назари давлати Қирғизистон нест". Дар ҳамин ҳол, агарчи давлати Тоҷикистон дар ин масъала вокуниш нишон надодааст, вале маълум аст, ки ҳеч шахси солимфикр ва мақомоти тоҷик низ чунин изҳоротро қобили қабул намешуморанд,- омадааст дар ин муроҷиатнома.

ҲДТ гуфтааст, ки "Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибатҳои марзии миёни ду давлат борҳо ба тарафи Қирғизистон гузаштҳо кардааст. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва ахбори омма, дар солҳои 1924-1927,1957-1959ва1980-1989 созишномаҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расидааст ки Тоҷикистон як миқдор заминҳояшро барои истифодаи муваққат ба унвони чарогоҳ ба давлати Қирғизистон дода буд. Барои мисол, дар охири солҳои 1980-ум дар замони раҳбарии Қ. Маҳкамов дар асоси ҳуҷҷате, ки онро собиқ раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон И. Ҳаёев имзо кардааст, 350 га замини минтақаи миёни Хоҷа Аъло ва Ворухи Исфара барои истифодаи муваққат ба Қирғизистон дода шуд. Ин заминҳо то ҳанӯз ба соҳибаш – Тоҷикистон баргардонда нашудааст".

Бино ба  муроҷиатномаи демократҳо, дар тӯли солҳо ва бахусус, дар даврони нооромиҳои солҳои баъдӣ сокинони Қирғизистон дар баъзе аз ин мавзеъҳо манзили зист сохтанд, ки мухолифати мардуми соҳибзамини тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Ҳамчунин ҳукумати Қирғизистон якҷониба баъзе аз ин замину минтақаҳоро ба харитаи худ дароварда, имрӯз даъвои марзӣ мекунад.

ҲДТ бо зикри "тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо канори ҳам дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд, дасти ҳам гирифта, пайвандҳои хешутаборӣ доранд" гуфтааст, ки "тундгуфторӣ, рафтори ношоиста, хулосабароии нодуруст ва шитобкорӣ роҳи ҳал шуда наметавонад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.