Президенти Беларус Александр Лукашенко 30 август бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Маҳмадшариф Ҳақдод дидору гуфтушунид кард. Зимни суҳбат Лукашенко аз ҷузъиёти суҳбатҳояш бо сарони кишварҳои хориҷӣ дар мавриди вазъи Афғонистон изҳори назар намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сарвари давлати Беларус.

“Худи ҳозир бо президентатон суҳбат доштам. Ӯ ҳамчун дӯсти наздик ним соат дар бораи вазъи Афғонистон маълумот дод. Бисёр маълумоти наве, ки дар ВАО дида намешавад. Вазъият ҷиддӣ ва пуршиддат аст. Аз ӯ хеле миннатдорам, ки ошкоро аз вазъи он ҷо бо ман суҳбат кард. Имрӯз бо Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳо кор кардан барои мо хеле муҳим аст”, - иброз доштааст Лукашенко.

Ӯ зикр кардааст, ки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад.

“Сарҳад душвор буда, онро мустаҳкам кардан лозим аст. Он дар замони шӯравӣ ҳам душвор буд ва ҳоло мушкилтар шудааст", - таъкид доштааст вай.

Александр Лукашенко изҳор доштааст, ки ҳамаи ин душвориҳо бар дӯши мардуми тоҷик ва Тоҷикистон афтод.

“Маълум аст, ки барои ҳифзи сарҳад одамон кофӣ мебошанд. Восита ва силоҳи муосир лозим аст”, - гуфтааст Лукашенко.

Зимни гуфтугӯҳои телефонӣ, аз ҷумла бо Эмомалӣ Раҳмон таҳияи мавқеи умумӣ, мувофиқаи мавқеъ оид ба Афғонистон дар доираи СААД ва СҲШ баррасӣ шуд.

“Ҳамаи инро мо ба дӯши Эмомалӣ Шарифович ҳангоми вохӯрӣ нимаи моҳи сентябр дар Душанбе (нишастҳои СААД ва СҲШ баргузор мешавад) гузоштем”, - зикр кардааст ӯ.

Бо муроҷиат ба сафир Александр Лукашенко таъкид доштааст, ки дар остонаи сафар ба Тоҷикистон вохӯрӣ бо ӯ хеле муҳиму рӯзмарра аст.

cis.minsk.by

“Ба ҳар ҳол шумо нисбат ба ҷумҳуриҳои дигар ва ҳатто давлатҳои ҷаҳон маълумоти бештар доред. Ман комилан муътақидам. Шумо ҳатто аз ИМА, ки бевосита он ҷо кор мекунанд, зиёдтар маълумот доред”, - таъкид доштааст вай.

Лукашенко гуфтааст, шояд метавон гуфт, ки президенти Тоҷикистон тӯли даҳсолаҳо аз ҷараёни бениҳоят хатарноки вазъ дар Афғонистон огоҳ карда буд: «Мо ҳамаашро шунидаву мефаҳмидем (дар ҳама ҷо осон нест) ва эҳтимол онро ҳамчун як рӯйдоди одӣ қабул мекардем. Акнун бубинед, ӯ чӣ қадар ҳақ баромад!”.

"Аз ин рӯ, имрӯз бо Владимир Путин сӯҳбат кардем, мехоҳам бо Мирзиёев ҳам дар бораи вазъи он минтақа сӯҳбат кунам, то ки пеш аз ҷаласаи СААД як тасвири возеҳ пайдо шавад. Ва ҳама бо пешниҳоди ман дар бораи гузаронидани машваратҳо дар доираи СААД-СҲШ розӣ шуданд . Ҳама чизро бо роҳбарон дар Душанбе баррасӣ мекунем. Барои мо муҳим аст бубинем, ки СҲШ дар кадом мавқеъ қарор хоҳад гирифт ", - гуфт Александр Лукашенко.

Президент аҳаммияти таҳияи мавқеи ягонаи муттаҳидаро оид ба вазъи Афғонистон зикр кард.

"Агар мавқеи СҲШ ва СААД муттаҳид карда шавад, пас мо ин вазъро паси сар хоҳем кард. Ба мардуми афғон ҳам барои рафъи ҳамаи ин мушкилот ва душвориҳо кумак мекунем. Аммо агар скрипкаи афғонро ҳама ба таври худ навозанд, ин кор ба мушкилӣ мепечад. ... Ин як минтақаи мураккаб буда, танҳо сари Афғонистон сухан намеравад. Вазъи душвори давлатҳои ҳамсоя, Шарқи Наздик, ҳамаи ин тундгароӣ (радикализм), ки мутаассифона, имрӯз асосҳо ва сабабҳои воқеӣ дорад, - иброз доштааст вай. - Давлатҳои пешқадами Ғарб ба он ҷо ворид шуда, вазъи аз ин ҳам бадтаре ба вуҷуд оварданд. Ва табиист, ки онҳо ба зуҳури тундгароии боз ҳам зиёдтар боис гардиданд. Ба ин кӣ айбдор? Худи онҳо ба ин гунаҳкоранд”.

"Шояд мо ҳам қисман гунаҳкорем. Зеро нишаставу фикр доштем, ки ин ба мо дахл намекунад. Не, бубинед, ҳама чиз дахл мекунад”, - илова намудааст Александр Лукашенко.

Вай аз дипломат хоҳиш кардааст, ки арзёбии худро оид ба вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ баён кунад. "Шояд шумо маро ба чизе роҳнамоӣ кунед", - зикр кардааст президент.

Дар навбати худ, Маҳмадшариф Ҳақдод таъкид доштааст, дар Тоҷикистон, ки нимаи моҳи сентябр нишастҳои СААД ва СҲШ дар он ҷо баргузор мешаванд, ҳамеша аз президенти Беларус истиқбол мекунанд. Дар нишастҳои зикршуда масъалаҳои ташвишовари тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама вазъи Афғонистон баррасӣ мешавад.

"Аз таваҷҷӯҳатон ба ин масъала сипосгузорам. Медонам, ки шумо ба масъалаҳои амният натанҳо дар фазои ИДМ, балки дар тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир мекунед ва ба ин мушкилот назари шахсӣ доред", - гуфтааст дипломат.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.