Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти таҳияшуда аз ҷониби ҳукумат ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноии ҷумҳуриро, ки дар онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ ва порадиҳӣ ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ба ҷарима пешбинӣ шудааст, маъқул шуморид.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини сардори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Илёс Идрисзода изҳор намуд, ки мутобиқи ин тағйирот, минбаъд шахсоне, ки барои содир намудани ҷинояти марбут ба порадиҳиву порагирӣ маҳкум шудаанд, метавонанд ба ивази пардохти ҷаримаи пулӣ озод карда шаванд.

Номбурда зикр кард, ки «ин пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистонро метавон иқдоми башардӯстона унвон кард».

Минбаъд шахсоне, ки аз ҷониби судҳои кишвар маҳкум шудаанд, бо пардохти ҷарима дар ҳаҷми 200 сомонӣ барои ҳар як рӯзи мутобиқи ҳукми содиршуда дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доштанашон, ба озодӣ баромада метавонанд.

Айни замон мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст. Дар моддаи 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои додани пора ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, палатаи поёнии парлумон ҳамчунин оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноии ҶТ қарореро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он барои дастдарозӣ баҳри таҷовуз ба номус бо истифода аз эҳсосоти динӣ, ҷазо дар шакли аз 3 то 8 соли зиндон ҷорӣ карда мешавад.