Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъини Насимзода Акбар Ғиёс ба вазифаи сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотисарвари давлат, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа, сардорони шуъбаҳои Вазорат дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Ашти вилояти Суғд, ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ иваз карда шуда, аз ҳисоби кадрҳои корозмуда сардорони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Шаҳринав, Сангвор, Тоҷикобод ва Роштқалъаи ВМКБ таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва дар мувофиқа бо Президенти мамлакат роҳбарони намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ИДМ, сардорони як қатор Раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин карда шуданд.

1/5

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуда, ҳамчунин ба кадрҳои навтаъиншуда дастур дода шуд, ки дар ҳамкории зичу пурсамар бо дигар сохторҳои давлатӣ пуштибони ҳақиқии мардум бошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.