Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба ҳар кадоме аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ медиҳад.

Ин кумаки президентро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, раҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба собиқадорон тақдим мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ғайр аз ин, сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додааст, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорону коргарони ақибгоҳ кумак расонанд.

Бино ба маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, имрӯз дар Тоҷикистон 448 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 5 нафар афроди дар муҳосираи Ленинград қарордошта зиндагӣ мекунанд.

Калонсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Додарҷон Умаров 117-сола аст, ки дар Вахш зиндагӣ мекунад. Хурдсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Леокадия Ковтун 90-сола буда, дар Душанбе иқомат дорад.

Яке аз собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистон Олег Соболев бо даъвати ҳукумати Русия дар гузашти низомии рӯзи 9 майи соли 2017 дар Майдони Сурхи Маскав ба муносибати 72-солагии Ғалаба иштирок мекунад.

Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ба аввали соли 2017 дар Тоҷикистон 526 нафар собиқадорони ҶБВ (аввали соли 2015 - 926 нафар) дар ҳаётанд. Имрӯз шумори  онҳо то 448 нафар кам шудааст.

Солҳои ҶБВ 270 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, ҳар кадоме аз 4 нафари онҳо то Рӯзи Ғалаба зинда намонд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.